Нигаронии раиси Маҷлиси намояндагон аз амали модарони муосири тоҷик

CC0 / Pixabay / Младенец, архивное фото
Младенец, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, амали модаронеро, ки ба навзодашон ба ҷои шири худ, ғизои сунъӣ медиҳанд, мояи нигаронӣ хонд

ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Зуҳуров зимни ҷаласаи ахири парлумон гуфт, дар Тоҷикистон додани ғизои сунъӣ ба навзодҳо солҳои охир густурда шудааст.

Капельница в палате пациента, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кашфи 127 тонна дору ва ғизои кӯдаконаи зараррасон дар Тоҷикистон

“Солҳои охир, мутаассифона, аксарияти модароне, ки кӯдак таваллуд мекунанд, барои тифлон аз ғизои сунъӣ истифода мебаранд. Ҳол он ки саломатии кӯдак дар солҳои минбаъда аз ғизое, ки дар соли аввали ҳаёташ ба ӯ дода шудааст, вобастагии калон дорад”, - иттилоъ додааст нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Зуҳуров.

Ин дар ҳолест, ки сифати ғизои кӯдакон низ дар кишвар мояи нигаронии масъулин шудааст. Аз ҷумла тайи 11 моҳи охир дар Тоҷикистон 127 тонна дору ва ғизои сунъии кӯдаконаи ғайристандартӣ  ошкору мусодира шудааст.

Лентаи хабарҳо
0