Кашфи 127 тонна дору ва ғизои кӯдаконаи зараррасон дар Тоҷикистон

CC0 / Pixabay / Капельница в палате пациента, архивное фото
Капельница в палате пациента, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар 11 моҳи соли равон аз муомилот 127 тонна маводи доруворӣ, ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи муҳлати истифодаашон гузаштаро дар кишвар ошкор кардаанд

ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Дар ин бора Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, зимни ҷаласаи ахири парлумон иттилоъ дода, афзуд, ки маводи мазкур, ки  сертификати мутобиқат надоштанд ва ба талабот ҷавобгӯ набудаанд, нест карда шуданд.

Вазир афзуд, ки аз 127 тонна маводи ошкоршуда, 95 тоннааш доруворӣ мебошад.

Ба иттилои Олимзода барои ба муомилот баровардани маҳсулоти ғайристандартӣ ва зараррасон алайҳи қонуншиканҳо беш аз 500 парвандаи маъмурӣ оғоз гардида, аз нақзкунандаҳои қонун 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0