ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронии худ аз иштирокчиёни ҷаласаи САҲА даъват намуд, ки аз сиёсати меъёрҳои духӯра дар баррасии мушкилоти ҳалталаби рӯз худдорӣ намоянд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати хориҷаи Тоҷикистон.
“Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ишора ба қазияи коҳиши эътимод миёни кишварҳои Созмон, ҷиҳати худдорӣ аз сиёсати меъёрҳои духӯра дар баррасии мушкилоти ҳалталаби рӯз даъват ба амал овард”, - таъкид намудааст манбаъ.
Вазорати хориҷа иттилоъ додааст, ки зимни ҳамоиши мазкур роҳбарони ҳайатҳои расмии 57 кишвари ширкаткунанда ва 11 кишвари шарики САҲА роҷеъ ба бандҳои асосии рӯзномаи иҷлос, масъалаҳои марбут ба ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби се ченаки фаъолияти Созмон, аз ҷумла роҳҳои тавсеа бахшидан ба ҳамкорӣ дар ҳалли мушкилоту чолишҳои муосир мубодилаи афкор намуданд.
Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронӣ дар иҷлос мавқеи Ҳуқумати Тоҷикистонро нисбат ба масъалаҳои умдаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби САҲА ироа намуд.
Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон, ба зарурати андешидани чораҳои муштарак бо мақсади таҳкими амният дар паҳнои САҲА, аз ҷумла мубориза бо терроризм ва экстремизм, ва дар ин замина ҳамкорӣ барои тавсеаи амният дар сарҳади давлатӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз қочоқи маводди мухаддир, силоҳ ва харидуфурӯши одамон таваҷҷуҳи зоҳир кард.