Erasmus+: озмуни дарёфти бурсия барои таҳсил дар Руминия

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкСтуденты
Студенты - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баои дарёфти бурсияҳои таҳсил дар Руминия бо барномаи Erasmus+ озмун эълом мекунад

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik.  Ба гузориши равобити умумии ДМТ, озмуни дарёфти бурсияҳо барои донишҷӯёни зинаҳои бакалавр, магистратура ва докторантураи (PhD)/аспирантон барои нимсолаи баҳории соли таҳсили 2017/2018 эълон мешавад.

"Ба таваҷҷӯҳи донишҷӯёни хоҳишманди ДМТ расонида мешавад, ки Донишгоҳи шаҳри Ясс ба номи Алексадр Куза (Руминия) дар доираи татбиқи лоиҳаи Барномаи Erasmus+ KA1- "Мубодилаи кредитии байналмилалӣ" озмуни дарёфти бурсияҳоро барои донишҷӯёни зинаҳои бакалавр, магистратура ва докторантураи (PhD)/аспирантон барои нимсолаи баҳории соли таҳсили 2017/2018 эълон менамояд", — омадааст дар эълом.

Барои ширкат дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад: маълумотнома (CV Europass-https://europass.cedefop.europa.eu/editors/en/cv/compose), шиносномаи хориҷӣ, асоснокнамоии мақсади худ (Мотивационное письмо), сертификат оид ба забондонӣ (B2 English), транскрипт, тавсифнома,  маълумотнома аз ҷойи таҳсил, нақшаи корӣ (барои аспирантон ва докторантон), рӯйхати мақолаҳои чопшуда (барои аспирантон ва докторантон).

Сотрудники банка в офисе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Озмуни Бонки миллии Тоҷикистон барои ишғоли панҷ вазифа

Гуфта мешавад, ки ҳам нусхаи аслии ҳуҷҷатҳо ва ҳам  шакли электронии онҳо талаб карда мешавад.

Барои маълумоти муфассал ва машварат ба бахши таҳия ва татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ ва дарёфти грантҳои шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо суроғаи хиёбони Рӯдакӣ, 17, ҳ, 63 (бинои асосии ДМТ) муроҷиат кунед.

Муҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо 10-уми октябри соли 2017 муқаррар шудааст.

Лентаи хабарҳо
0