ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Кумита, шуъбаи тафтишотии Среднеахтубински вилояти Волгоград парванда алайҳи сокини 36-солаи маҳаллиро бо иттиҳоми куштори чӯпони муҳоҷир аз Осиёи Миёна оғоз кардааст.
Бар асоси иттилоияи мақомоти тафтишотӣ, муттаҳам моҳи ноябри соли 2018 ба кор дар хоҷагии чорвопарварӣ дар деҳаи Бахтияровкаи ноҳияи Ленини вилояти Волгоград оғоз карда, аз аввал бо коршарик – муҳоҷири 51-сола аз Осиёи Марказӣ муносибати хуб надошт.
“Рӯзи 4 декабр миёни мардҳо муноқишаи навбатӣ рух додааст, ки дар натиҷа муттаҳам бо корд ба бадани шарикаш зарбаҳои зиёд зада, сипас сарашро аз тан ҷудо кардаасту дар оташдони говхона сӯзондааст ва танаашро дар кох пинҳон кардааст”, - омадааст дар иттилоияи Кумитаи тафтишотӣ.
Муттаҳам дар бораи ҷинояти содиркардааш ба корманди корхонаи хукпарварӣ, ки дар наздикӣ қарор доштааст, нақл кардааст ва ӯ дар ин бора ба соҳиби корхонаи чорвопарварӣ иттилоъ додааст.
Кумитаи тафтишотӣ мегӯяд, муттаҳам боздошт шуда, гуноҳашро пурра иқрор кардааст. Мақомоти тафтишотӣ бо ирсоли дархост аз додгоҳ ҳабси пешакии муттаҳамро талаб кардаанд.
Расонаҳои маҳаллии Волгоград бо такя ба мақомоти тафтишотӣ аз кушташуда, шаҳрванди Тоҷикистон ном бурдаанд. Муттаҳам дар ин ҷиноятро бисёри расонаҳо сокини маҳаллӣ муаррифӣ карда, бархе аз ВАО ӯро зодаи Узбакистон гуфтаанд.