ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Ҷаниш Рустенбеков сафири нави Қирғизистон дар Тоҷикистон таъйин шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури Қирғизистон.
Фармони Сооронбой Жеенбеков дар бораи таъйин намудани Ҷаниш Рустенбеков рӯзи 4 декабри соли равон содир шудааст.
Ёдрас мешавем, ки қаблан сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Мирослав Ниёзов буд.
Қаблан Ҷаниш Рустенбеков, сафири Қирғизистон дар Туркманистон буд. Рустенбеков 69 сол мебошад ва солҳои мухталиф дар вазифаҳои раҳбарикунанда, аз ҷумла, вазири ҳолатҳои фавқулода ва сафири Қирғизистон дар Қазоқистон кор кардааст.