Имтиёз барои хориҷиён: дар Русия ба муҳоҷирон низ сармояи беҳдошти модар ва кӯдак медиҳанд

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкБиометрический заграничный паспорт гражданина РФ
Биометрический заграничный паспорт гражданина РФ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати меҳнати Русия тарҳи қонунеро пешниҳод мекунад, ки мувофиқи он ба муҳоҷироне, ки тоза шаҳрвандӣ ба даст меоранд, сармояи беҳдошти модар ва кӯдак (материнский капитал) дода мешавад

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Муҳоҷироне, ки бо кӯдаконашон ба Русия кӯчида, барои тамоми аъзоёни хонаводаашон шаҳрвандӣ мегирианд, ҳуқуқи гирифтани сармояи беҳдошти модар ва кӯдакро пайдо мекунанд, омадааст дар тарҳи қонуне, ки Вазорати меҳнати Русия пешниҳод мекунад.

Бино бар қонунгузории ҷории Русия, шаҳрвандони кишвар дар ҳоле ҳуқуқи гирифтани сармояи беҳдошти модар ва кӯдакро доранд, ки фарзанди дувум ба дунё оранд.

Дар ҳамин ҳолат хонаводае ин сармояро гирифта метавнад, ки дар он на танҳо волидон, балки фарзандон низ шаҳрванди Русия бошанд.

Бо далеле, ки қонун "Дар бораи шаҳрвандӣ" шаҳрвандиро на танҳо аз рӯи таваллуд  муайян мекунад, пас муҳоҷирони шаҳрванди Русия шуда низ, ба таври автоматӣ аз пардохтҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла сармояи модар ва кӯдак бархурдор мешаванд.

Пештар бархе аз мансабдорони Русия ин мантиқро қабул надоштанд. Тарҳи қонуни Вазорати меҳнат маҳз раванди ба муҳоҷирони шаҳрвандигирифта додани сармояи модар ва кӯдакро ба тартиб медарорад.

Ёдрас мешавем, пештар Вазорати умури дохилаи Русия пешниҳод карда буд, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ иҷозатномаи истиқоматии бемӯҳлат, ки то соли 2002 ҷорӣ буд, баргардонида шаванд.

Тарҳи қонуни мазкур охирҳои моҳи ноябр ба Ҳукумат пешниҳод гардид.

Лентаи хабарҳо
0