Таҳдиди то 15 соли зиндон ба бибие, ки дар зинда гӯр кардани наберааш айбдор мешавад

© AP / Marc LevyТюрьма, архивное фото
Тюрьма, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар вилояти Хатлон моҳи сентябри соли ҷорӣ бибӣ набераи худро зинда ба зинда гӯр карда, ба ҳалокат расонида буд

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон тафтишоти парвандаи қотили писарчаи 3-сола, ки гумонбаршуда бибии худи марҳум мебошад, идома дорад, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Ин фоҷеа 12 сентябри соли ҷорӣ ба вуқуъ пайваста буд. Бибӣ набераашро зинда ба зинда зери хок кардааст, ки писарчаи 3 сола ба ин тоб наоварда ба ҳалокат расидааст.

Ҷасади писарчаро танҳо баъди шаш рӯзи нопадид гаштани ӯ пайдо карда буданд.

Додситони вилояти Хатлон тасдиқ кардааст, ки бибии писарчаи кушташуда мувофиқи моддаи 104-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон дар ин воқеа гунаҳкор дониста мешавад.

Қайд шудааст, ки агар додгоҳ гуноҳи ӯро тасдиқ кунад бибии марҳум ба муҳлати аз 8 то 15 сол аз озодӣ маҳрум карда мешавад. Ҳукми додгоҳ ҳафтаи оянда эълон карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0