Расулзода ва Рустами Эмомалӣ ба бунёдкорони майдончаю боғҳо туҳфаҳо доданд

© Пресс-служба Президента РТ Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба 42 саҳмгузори дигар дар бунёди майдончаҳои варзишӣ ва гулгаштҳо дар пойтахт туҳфаҳои хотиравӣ доданд

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik.  Тибқи иттилои хабаргузории “Ховар”,  танҳо соли равон дар шаҳри Душанбе бар асоси фармоиши Ҳукумат  92 майдончаи варзишию бозии кӯдакона бунёд гардида, 12 боғу гулгашт таҷдиду навсозӣ карда шудаанд.

Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон, рӯзи 30 августи соли 2018 - Sputnik Тоҷикистон
Ҷоизаи Президент ба Кабиров, Ятимов, Шоҳиёну дигарон барои иҷрои фармоиши Ҳукумат - навор

“Бо мақсади  босифат ба иҷро расонидани корҳо дар бунёди майдончаҳои варзишӣ,  навсозии боғу гулгаштҳо ва ҳавасмандгардонии бунёдкунандагон озмуни ҷумҳуриявӣ эълон гардида буд, ки дар рӯзҳои охири соли равон  ҷамъбаст гардид”, - иттилоъ додааст “Ховар”.

Манбаъ афзуд, ки имрӯз Расулзода ва Рустами Эмомалӣ ба 42 ғолиби дигари озмуни ҷумҳуриявӣ мукофот доданд.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 41 ғолиби озмуни ҷумҳуриявиро, ки дар бунёди майдончаю боғу гулгаштҳо дар пойхтах саҳм гузоштаанд, бо туҳфаҳо қадрдонӣ кард.

Лентаи хабарҳо
0