Ҷоизаи Президент ба Кабиров, Ятимов, Шоҳиёну дигарон барои иҷрои фармоиши Ҳукумат - навор

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонҶаласаи Ҳукумати Тоҷикистон, рӯзи 30 августи соли 2018
Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон, рӯзи 30 августи соли 2018 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, мансабдорони давлатиро, ки фармоиши Ҳукуматро иҷро намуда, дар бунёду тармими майдончаҳои варзишию гулгаштҳои шаҳри Душанбе саҳм гузоштанд, қадрдонӣ кард

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik.  Тибқи гузориши шабакаҳои телевизионии давлатӣ аз ҷаласаи Ҳукумат, ки 29 ноябр баргузор гардид,  барои бунёди беҳтарин майдончаи варзишӣ ва боғ Шералӣ Кабиров, мудири “ТАЛКО” ва Комили Мирзоалӣ, роҳбари корхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ҷоизаҳо гирифтанд.

Кохир Расулзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Ҳушдори сарвазир ба 41 мансабдори кӯлобӣ"

Инчунин аз дасти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Нуриддин Саид, вазири маориф, Юсуф Раҳмон, додситони кул,  Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ, Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Шерхон Салимзода, раиси Ожонси назорати маводи нашъаовар, Рустами Шоҳмурод, вазири адлия ва роҳбарони ниҳодҳои дигари давлатӣ ҷоизаю туҳфаҳои хотиравӣ гирифтанд.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмуъ 41 ғолиби озмуни ҷумҳуриявиро бо туҳфаҳо сарфароз гардонд.

Манбаъ афзуд, то ҳол аз ҷониби 86 вазорату идора ва шахсони алоҳида дар шаҳри Душанбе 92 майдончаи варзишию бозии кӯдакон бунёд ва таҷдиду навсозии 12 боғу гулгашт амалӣ гардид.

Эмомалӣ Раҳмон, ахиран зимни ҷаласаи Ҳукумат гуфт, дар соли 2019, то ҷашни Истиқлолият дар кишвар 8 гулгашту 58 майдончаи варзишии замонавӣ бунёд мегарданд.

Лентаи хабарҳо
0