Ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби мақомоти Русия барои соли 2019

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкИностранные граждане в очереди на дактилоскопическую регистрацию, архивное фото
Иностранные граждане в очереди на дактилоскопическую регистрацию, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мувофиқи қарори ҳукумат дар соли оянда ба Русия 140 ҳазор муҳоҷири меҳнатиро ҷалб кардан лозим аст

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Ҳукумати Русия пешниҳод кардааст, ки баҳри ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ барои соли 2019 30% захираҳои лозимаро истифода баранд, гуфтааст ноиби роҳбари Кабинети вазирони Русия Татяна Голикова.

Вай қайд кардааст, ки дар асоси қарори ҳукумат дар соли оянда бояд 140 ҳазор муҳоҷири корӣ ба Русия ҷалб карда шавад ва нисфи онҳо барои сохтмони газгузаронии “Сила Сибири”равон карда шаванд.

“Ин лоиҳа пешниҳод кардааст, ки миқдори лозимаи қувваи кории дар асоси раводид ба Русия меомада барои соли 2019 ба миқдори 144 583 нафар муайян карда шавад.  Инчунин пешниҳод шудааст, ки миқдори квотаҳо барои гирифтани иҷозатномаи корӣ ва даъватномаҳои барои вуруди қуваҳои корӣ ба Русия муайян ва тасдиқ карда карда шаванд”, - гуфтааст Голикова.

Вай қайд кардааст, ки ин талабот бо хоҳиши минтақаҳои гуногуни кишвар ва бо назардошти таъминнамоии ҷойҳои корӣ ба кормандони худи Русия муаян ва пешниҳод шудааст.

Ёдовар мешавем, ки моҳи октябр Голикова пешниҳод карда буд, ки барои соли 2019 квотаҳо барои муҳоҷирони корӣ то 3% боло  бурда шаванд.

Лентаи хабарҳо
0