Обуҳавошиносон: имрӯз обу ҳавои бебориш дар назар аст

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкПрирода Таджикистана, архивное фото
Природа Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

ДУШАНБЕ, 29 ноя - Sputnik.  Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда, ҳарорат  шабона 3+5  ва рӯзона +15+17  дараҷа гарм хоҳад шуд.

Город Душанбе зимой, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обу ҳаво: боз борон, боз барф

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда   шуда, ҳарорат шабона ба +1+6  ва рӯзона  ба  13+18  дараҷа мерасад.

Дар ҳҳамин ҳол, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, ҳаво дар ғарби вилоят шабона -2-7, рӯзона  +6+11 ва дар шарқи ин вилоят шабона -12-17   ва рӯзона -0-5 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки  тағйирёбанда шуда,      дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман  дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона +2+7  ва рӯзона  10+15  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки  тағйирёбанда  шуда, дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона +14+19   дараҷа гарм хоҳад шуд.

 

Лентаи хабарҳо
0