Обу ҳаво: боз борон, боз барф

© © Sputnik / Амир ИсаевГород Душанбе зимой, архивное фото
Город Душанбе зимой, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, боридани борону барф ва фаромадани туман дар назар аст

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik.  Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда    шуда, дар баъзе ҷойҳо боридани борону барф    дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -3+2, рӯзона  +4+9  ва дар шарқи ин вилоят шабона -9-14   ва рӯзона -0-5 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки  тағйирёбанда шуда,  дар   водиҳо борони кӯтоҳмуддат, дар  ноҳияҳои кӯҳӣ   боридани борону  барф    ва фаромадани туман  дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб 3-8   ва дар баъзе ҳолатҳо то 12-17 метр   дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона +2+7  ва рӯзона  8+13   дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки  тағйирёбанда  шуда, дар баъзе ҷойҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 ва рӯзона +14+19   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар   ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон, барф ва фаромадани туман дар   назар аст.    Ҳарорат шабона ба +3+8  ва рӯзона  ба  10+15  дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда, шабона 3+5  ва рӯзона +12+14  дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0