Роҳбарити нави “Имон Интернешнл” бо Раиси Суғд масоили ҳамкориҳои ояндаро баррасӣ намуд

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской областиВстреча главы Согдийской области с новым гендиректором "Имон Интернешнл" Александром Ерёминым
Встреча главы Согдийской области с новым гендиректором Имон Интернешнл Александром Ерёминым - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ташкилоти амонатии қарзии хурди “Имон Интернешнл”, тақозо намудааст, ки фаъолияти худро дар вилоят боз ҳам густариш диҳад

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik.  Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо директори генереалии тозатаъйини ташкилоти амонатии қарзии хурди «Имон Интернешнл» Александр Ерёмин мулоқот намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати Суғд. 

Васоили кишоварзӣ - Sputnik Тоҷикистон
Имон Интернешнл барои сармоягузори кишоварзон $16,5 млн қарз гирифт

Бино бар иттилои манбаъ, зимни мулоқот масъалаҳои ташкили ҷойҳои нави корӣ, пешниҳоди қарзҳои дарозмӯҳлат барои пешбурди фаъолияти соҳибкориву хоҷагиҳои деҳқонӣ, сармоягузорӣ дар тадбиқи лоиҳаҳои гуногунмақсад ва масоили дигари ҳамкори баррасӣ гардид.

Раиси вилояти Суғд, инчунин масъалаи бунёди гармхонаҳои замонавӣ, инчунин масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла ба гардиши кишоварз даровардани ҳазорҳо гектар замин, бунёди боғу токзори нав ва дигар иншооти муҳими соҳа, мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтааст.

"Роҳбари нави ташкилоти амонатии қарзии хурди "Имон Интернешнл" омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар корҳои ободони ва дастгирӣ барои амалишавии лоиҳаҳо дар бахшҳои мухталиф баён намудаааст",- хабар додааст манбаъ.

Вай таъкид намудааст, ки Тоҷикистон бо ба кор андохтани аввалин агрегати Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” барои рушди минбадаи тамоми соҳаҳо, бахусус истеҳсоли барқ пешравии соҳаҳи соҳибкории хурду миёна қадамҳои устувор гузошт.

Мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо раиси иттифоқи боғпарварони Кубани Русия Николай Шербаков - Sputnik Тоҷикистон
Суғд боғапарварони Русияро ба ҳамкорӣ даъват кард

Манбаъ афзудааст, ки директори генереалии “Имон Интернешнл” аз тасмимҳои минбаъдаи ташкилот маълумот дода, қайд намуд, ки вазифаи ташкилот пеш аз ҳама ин мусоидат кардан ба рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон, саҳмгузори барои беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва амалисозии лоиҳаҳо мебошад.

Ёдрас мешавем, ки директори генереалии ташкилоти амонатии қарзии хурди “Имон Интернешнл” Александр Ерёмин фаъолияти меҳнатии худро  соли 1995 дар  фонди дастгирии соҳибкории хурди Руссия оғоз намуда, давоми 10 сол мансабҳои гуногуни роҳбарикунандаро дар бонкҳо ва барномаҳои дастгирии тиҷорати хурд дар Русия, Булғористон, Молдова, Украина, Озарбойҷон ба зимма доштааст.

 

Лентаи хабарҳо
0