Суғд боғапарварони Русияро ба ҳамкорӣ даъват кард

© Пресс-служба исполнительного органа Согдийской области Мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо раиси иттифоқи боғпарварони Кубани Русия Николай Шербаков
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо раиси иттифоқи боғпарварони Кубани Русия Николай Шербаков - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вилояти Суғд барои ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва истифодаи таҷрибаи пешқадами соҳаи боғпарварии Русия ҳавасманд мебошад

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари Иттифоқи боғпарварони вилояти Кубани Русия Николай Шербаков мулоқот намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилоят.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқот таъкид намудааст, ки вилояти Суғд барои ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва истифодаи таҷрибаи пешқадами соҳаи боғпарварӣ ҳавасманд буда, хотсори таҳкими муносибатҳо бо ширкатҳои пешрафтаи минтақа мебошад.

Председатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Даъвати Аҳмадзода аз Русия барои бунёди корхонаи муштараки саноатӣ дар Суғд

Дар ҳамин ҳол Николай Шербаков афзудааст, ки Иттифоқи боғпарварони Кубани Краснодар ҷиҳати омодасозии кадрҳои соҳаи боғпарварӣ, бунёди боғоти интенсивӣ ва суперинтенсивӣ, истеҳсоли меваҳои ба содирот нигаронидашуда ва дар маҷмӯъ рушди соҳаи боғдорӣ метавонад ҳамкории самаранокро ба роҳ хоҳад монд.

Бино бар иттилои манбаъ, раиси вилоят дар ин замина ба масъулини сохторҳои вилоятӣ дастур додааст, ки барои оғозу тақвияти ҳамкориҳо тадбирҳои зарурӣ  амалӣ намоянд.

Тибқи маълумоти манбаъ, дар Тоҷикистон дар асоси барномаҳои давлатӣ ҳамасола садҳо гектар боғоти нав ташкил карда мешавад. Аз ҷумла, соли равон танҳо дар вилояти Суғд беш аз 700 гектар боғҳои гуногун бунёд гардидааст, ки барои таъмини бозори дохилӣ бо меваҳои гуногун ва ташкили ҷойҳои корӣ мусоидат менамояд.

Лентаи хабарҳо
0