Дар Тоҷикистон хатмкунандагонро муассисаи давлатӣ ба кор таъмин мекунад

© Российско-Таджикский (славянский) университетСтуденты на выставке-презентации "Образование в России старт успешного будущего"
Студенты на выставке-презентации Образование в России старт успешного будущего - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон Кодекси маориф таҳия мешавад, ки тибқи он хатмкунандагони донишгоҳҳои кишварро муассисаи давлатӣ ба кор таъмин хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон барои ба кор таъмин кардани хатмкунандагони донишгоҳҳои кишвар муассисаи давлатӣ ташкил карда мешавад, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Финансовый университет при Правительстве Российской Федерации, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Донишгоҳи молияи Русия аз Тоҷикистон донишҷӯ мепазирад

Дар ҳоли ҳозир мутахассисони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва вакилони парламети кишвар таҳияи кодекси маорифро ба анҷом мерасонанд.

“Дар ҳоли ҳозир кодекс тақрибан омода аст. Қарор аст, баъд аз қабули санади мазкур, барои ба кор таъмин намудани хатмкунандагони донишгоҳҳои кишвар муассисаи махсуси давлатӣ ташкил карда шавад”, - таъкид намудааст хадамоти матбуоти вазортаи маорифи Тоҷикистон.

Вазорат инчунин таъкид намудааст, ки баъд аз ба кор даромдани кодекси мазкур сифати маориф низ дар Тоҷикистон беҳтар хоҳад шуд.    

Лентаи хабарҳо
0