Донишгоҳи молияи Русия аз Тоҷикистон донишҷӯ мепазирад

© Финансовый университет при Правительстве РФФинансовый университет при Правительстве Российской Федерации, архивное фото
Финансовый университет при Правительстве Российской Федерации, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Донишгоҳи молияи Ҳукумати Русия барои пазириши донишҷӯён аз Тоҷикистон озмун эълом кардааст

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Донишгоҳи молияи Ҳукумати Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, Озмуни байналмилалии дарёфти бурсияи донишҷӯӣ эълон кардааст.

Бино бар иттилоъи вебгоҳи расмии Донишгоҳи молия, ширкат дар ин озмун ройгон ва озод аст. Шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд барои вуруд дар бахшҳои "иқтисод ва фанноварии иттилоъот", "иқтисоди байналмилал", "улуми инсонӣ" ва "улуми иҷтимоъӣ" аз фаннҳои риёзӣ, забонҳои русӣ ва инглисӣ, торих ва ҷомеъашиносӣ имтиҳон бидиҳанд.

Имтиҳонҳо барои довталабони тоҷик дар моҳи январи соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳанд шуд. Довталабоне, ки дар ин озмун пирӯз мешаванд, ҳаққи таҳсили ройгон дар риштаи коршиносӣ (бакалавриат) аз будҷаи Русияро ба даст хоҳанд овард.

Довталабоне, ки дар ин Озмун ҷоизадор (призёр) мешаванд, дар сурати гузаштан аз имтиҳоноти вурудӣ дар пардохти ҳаққи таҳсил аз рӯи қарордод дар риштаи коршиносӣ 50 дарсад тахфиф хоҳанд гирифт.    

Довталабон метавонанд дар вебгоҳи донишгоҳ худро номнавис карда, дар ин озмун ширкат кунанд. Иттилоъоти бештарро метавон аз ин сафҳа дарёфт кард.
Гуфтанист, ин донишгоҳ аз солҳо пеш аз Тоҷикистон донишҷӯ мепазирад ва то кунун садҳо коршиноси умури молия ва бонкдорӣ барои Тоҷикистон тарбия кардааст.

Лентаи хабарҳо
0