Вазир дар бораи гуфтугӯ бо ошӯбгарони Хуҷанд ва ҷурми куштаҳо: беш аз нисф “ДОИШ”-ӣ буданд

© Sputnik / Михаил ВоскресенскийМинистр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Аслов, архивное фото
Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Аслов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии 22 ноябр дар нишасти Брюссел шумораи расмии маҳбусони кушташуда зимни ошӯб дар зиндони Хуҷанд ва ҷурми онҳоро баён кард

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Тибқи изҳороти вазири умури хориҷӣ, ҳангоми ошӯби шаби 8 ноябр дар зиндони Хуҷанд,  21 маҳбус безарар гардонида шуд, ки бештарашон барои терроризм маҳкум шуда буданд.

Следственный изолятор № 2 Бутырская тюрьма - Sputnik Тоҷикистон
Ҳафт кормандони муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд ҳабс шуд

Ӯ изҳор дошт, ки нахуст масъулини зиндон маҳбусонро ба гуфтушунид даъват карданд, аммо онҳо муқобилият нишон дода, гуруҳе аз онҳо қасди фирор кардааст.

"Онҳо муқобилият нишон дода, чанд тан кӯшиши фирор кардааст. 12 маҳбуси кушташуда дар ҷангҳои Ироқу Сурия ба ҷонибдорӣ аз ДОИШ иштирок карда буданд ва се тани дигар узви гуруҳҳои тундрави "Ансоруллоҳ", "Ҷундуллоҳ"-у Ҳаракати исломии Узбакистон буданд. Боқӣ бо ҷурми куштор ва қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми калон аз озодӣ маҳрум буданд", - иттилоъ додааст хадамоти хабарии Осиёи Марказӣ аз қавли Сироҷиддин Муҳриддин.

Ба иттилои вазир зимни ин ошӯб ду корманди зиндон кушта шуда, панҷ посбони дигар дар ҳолати вазнин ба беморхона интиқол ёфтаанд.

Флаги Таджикистана и США - Sputnik Тоҷикистон
Амрико бо мақомоти Тоҷикистон ошӯб дар зиндони Хуҷандро баррасӣ кард

Суҳбати вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар бораи ошӯби зиндни Хуҷанд дар ҳошияи нишасти вазирони умури хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо нахустин шарҳи расмии мақомдорони Тоҷикистон аст, ки дар бораи ин қазия баён карда мешавад.

Қаблан  расонаҳо бо истинод ба манобеияшон шумораи кушташудаҳоро ҳудуди 50 нафар гуфтанд.

Ду ҳафта баъд аз ошӯб дар зиндони Хуҷанд, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, генерал Изатулло Шарифзодаро аз мақоми сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия барканор карда, ба ҷояш Умаров Мансурҷон Ғаффорович, собиқ ноиби аввали раиси КДАМ-ро таъин кард.

Заключенные в исправительной колонии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ДОИШ масъулияти ошӯб дар зиндони Хуҷандро ба дӯш гирифтааст

Сабаби расмии барканории Шарифзода аз роҳбарии идораи зиндонҳо баромадан ба нафақа гуфта шудааст.

Инчунин ахиран хабар дода шуд, ки дар робита ба ин ҳодиса 7 корманди маҳбас бо шумули сардори он Файзулло Сафарзода ва сардори бахши низомии зиндон Фарҳод Садировро боздошт карданд.

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар нишасти хабарии Брюссел таъкид намудааст, ки исён дар зиндони Хуҷандро гуруҳи махсуси Додситонии кулли кишвар тафтиш дорад.

Лентаи хабарҳо
0