Амрико бо мақомоти Тоҷикистон ошӯб дар зиндони Хуҷандро баррасӣ кард

© Sputnik / Амир ИсаевФлаги Таджикистана и США
Флаги Таджикистана и США - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кордори Сафорати Амрико Кевин Коверт бо намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон рафти таҳқиқи ошӯб дар зиндони Хуҷандро баррасӣ намуд

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Кордори Сафорати Амрико Кевин Коверт ҳамроҳ бо сафирони кишварҳои аврупоӣ бо созмони “Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон” 19 ноябри соли равон мулоқот намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти сафорати Амрикро дар Тоҷикистон.

Тюрьма, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
“Ошӯб дар зиндони Хуҷанд 27 кушта барҷой гузошт”

Зимни мулоқот Кордори Сафорати Амрико дар Тоҷикистон масъалаи ошӯберо, ки дар зиндони Хуҷанд рӯх дода буд, баррасӣ намудааст.

“Кевин Коверт бо намояндагони расмии Прокуратураи генералӣ ва Вазорати корҳои хориҷӣ барои арзёбии тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистон, ҷиҳати тафтиши қонунвайронкуниҳои эҳтимолӣ мулоқот кард”, - хабар додааст манбаъ.

Манбаъ афзудааст, ки  зимни мулоқот Кевин Коверт таъкид намудааст дар таҳқиқи ин ҳодиса волоияти қонун фаромӯш нашавад.

Инчунин ба манбаъ бори дигар таъкид намудааст, ки сафорат ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон идома хоҳад дод.

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки дар пайи ошӯби зиндониён дар Хуҷанд бештар аз 27 нафар, тибқи иттилои баъзе расонаҳо то 43 тан кушта ва даҳҳо нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Байни кушташудагон ду посбони зиндон низ буданд. Шумораи зиёди ҳалокшудагонро маҳбусон ташкил медиҳанд. Ба иттилои Вазорати адлияи Тоҷикистон, таҳқиқи ҳодиса идома дорад. Гӯрӯҳи террористии ДОИШ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) масъулияти ҳодисаро бар ӯҳда гирифтааст.

 

Лентаи хабарҳо
0