Дар Тоҷикистон намоишгоҳи "Тоҷикистон ва Русия: бо роҳи дӯстӣ ва созандагӣ",ки ба 25–умин солгарди ба имзо расидани "Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии тарафайн байни Тоҷикистон ва Русия" бахшида шудааст, оғоз гардид.
Дар маросими расмии ифтитоҳи намоиши “Тоҷикистон – Русия: бо роҳи дӯстӣ ва созандагӣ” Азим Иброиҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон, Лутфия Раҷабова, Раиси Кумитаи оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсат оид ба робитаҳои байниминтақавию фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷии Дастгоҳи Президенти Федератсияи Россия Владимир Чернов, муовини Раиси Кумитаи Думаи давлатии Маҷлиси федералии Русия доир ба мудофиа Виктор Заварзин, муовини Вазири маорифи Русия Павел Зенкович иштирок намуданд.
Дар ибтидо номаи шодбошии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ва номаи шодбошии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путинро сардори Раёсат доир ба робитаҳои байниминтақавию фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷии Дастгоҳи Президенти Федератсияи Россия Владимир Чернов қироат намуданд.
Дар номаи шодбошии Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, чунин омадааст:
“Чорабинии мазкур яке аз далелҳои равшани риштаҳои мустаҳками дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманди миёни Тоҷикистону Россия мебошад.
Мутмаинам, намоишгоҳи мазкур, ки барои возеҳ нишон додани талошҳои муштаракамон оид ба рушд ва таҳкими ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳои ҳамгироии мутақобила равона гардидааст, ба ташрифоварони он дар бораи дастовардҳо дар ин самт таассуроти зиёди мусбат мебахшад”.
Дар ҳамин ҳол, Президенти Владимир Путин, раисҷумҳури Русия низ дар номаи шодбошиаш аз муносибатҳои неку дӯстонаи ду кишвар ёдовар шуда, таъкид намудааст:
“Чунин намоишгоҳи миқёсӣ ба санаи муҳим – 25-умин солгарди “Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии тарафайн”, ки баимзорасонии он барои тавсеаи назарраси робитаҳои байнидавлатии Россия ва Тоҷикистон шароит фароҳам овард, рост меояд. Тайи чорякаср муносибатҳои Москва ва Душанбе ба сатҳи иттифоқӣ ва шарикии стратегӣ баромаданд. Мутмаинам, ки намоишгоҳ дар ҳаёти фарҳангӣ ва ҷамъиятии кишварҳоямон рӯйдоди муҳим мегардад”.
Баъд аз маросими расмии намоишгоҳ ширкаткунандагон нигораҳои намоишгоҳ шинос шуданд, ки дар он нусхаҳои санадҳои муҳимтарини таърихӣ ва аксҳо, нақша ва мусаввараҳо гузошта шуда буданд.
Ин нигораҳо таърихи 150-солаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Россияро инъикос менамоянд.
Ҳамчунин дар ҳошияи намоишгоҳ имрӯз Конференсияи байналмилалии илмӣ ба муносибати 110-солагии олими барҷастаи тоҷик, шахсияти сиёсӣ ва ходими давлатӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров, муаррифии китоб-феҳраст бо номи "Тоҷикистон ва Россия: бо роҳи дӯстӣ ва созандагӣ" ва намоиши аксҳои мусаввирони Тоҷикистону Россия доир гардид.
Ёдовар мешавем, ки 23 ноябр ҷаласаҳои Конференсияи байналмилалии илмӣ бахшида ба 110-солагии академик Б. Ғафуров дар се бахш дар Академияи илмҳои Тоҷикистон идома меёбанд.
Ёдрас мешавем, 8 апрели соли 1992 байни Русия ва Тоҷикистон робитаҳои дипломатӣ барқарор шуд
Дар соли 2018 ба 25–умин солгарди ба имзо расидани "Аҳдномаи дӯстӣ” таҷлил мегардад.