Раҳмон: муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Русия давраи санҷиширо паси сар кардаанд

© Sputnik / Алексей ДружининПрезидент РФ Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент РФ Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз ҳамкории Тоҷикистон ва Русия тамоми соҳаҳои фаъолияти давлатҳоямонро фаро мегирад. Бо хушҳолӣ зикр менамоям, ки тайи ин ҳама солҳо тамоюли рушди мунтазами муносиботи дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва илмию гуманитарӣ бетағйир боқӣ мемонад, изҳор дошт раисҷумҳур

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон намоишгоҳи "Тоҷикистон ва Русия: бо роҳи дӯстӣ ва созандагӣ",ки ба 25–умин солгарди ба имзо расидани "Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии тарафайн байни  Тоҷикистон ва Русия" бахшида шудааст, оғоз гардид.

Ба иштирокдорони намомшгоҳ раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи шодбошӣ ирсол кардааст.

Дар он раисҷумҳур иштирокдоронро шодбош гуфта, баргузории чорабиниро далели рушди муносибатҳо номидааст.

"Аз шодбошии иштирокдорони чорабинии тантанавӣ ба муносибати ифтитоҳи намоишгоҳи таърихӣ-ҳуҷҷатии "Тоҷикистон ва Русия: бо роҳи дӯстӣ ва созандагӣ"-ро, ки ба 25–умин солгарди ба имзо расидани "Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии тарафайн байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русиябахшида шудааст, самимона хушҳолам", - изҳор доштааст расиҷумҳур.

Кишвардори тоҷик таъкид доштааст, ки муносибатҳои Тоҷикистону Русия давраи санҷиширо паси сар кардааст.

"Муносибатҳои дӯстона ва шарикӣ миёни ду мамлакат давраи санҷиширо паси сар кардаанд ва бо шарофати талошҳои халқҳоямон ба мо муяссар шуд робитаҳои боэътимодро, ки бар шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ асос ёфтаанд, ба роҳ монем", - афзудааст вай.

Эмомалӣ Раҳмон дар анҷом ба ташкилкунандагони чорабинӣ изҳори миннатдорӣ намудааст.

Лентаи хабарҳо
0