Вазири савдо гуфт, Узбакистон додугирифт бо ҳамсояҳоро бештар мекунад

© Sputnik / © Sputnik / Стас ЭтвешЖенщины покупают продукты на рынке, архивное фото
Женщины покупают продукты на рынке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷамшед Хоҷаев, вазири савдои хориҷии Узбакистон мегӯяд, кишвараш иқдом барои озодии бештари бозор, рушди бозоргонӣ ва додугирифт бо кишварҳои ҳамсояро густариш медиҳад

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои расонаҳои Узбакистон, Хоҷаев зимни ҳамоиши Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ - минтақавии Осиёи Марказӣ  -  “CAREC” дар Ашқобод гуфт, тайи 9 моҳи соли ҷорӣ додугирифти мол миёни Узбакистону дигар кишварҳои узви “CAREC” афзоиш ёфт.

Владимир Жириновский, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ВИДЕО-и суханронии Жириновский дар Думаи давлатӣ баъди бозгашт аз Тоҷикистон ва Узбакистон

“Давоми 9 моҳ додугирифти мол бо Покистону Муғулистон ду баробар, бо Тоҷикистон ва Озарбойҷон 60%, бо Қазоқистону Қирғизистон беш аз 45%, Чин – 30%, Туркманистон – 17%, Афғонистон – 11 дарсад афзоиш ёфт”, - изҳор доштааст Хоҷаев дар ҳамоиши вазирони кишварҳои узви  “CAREC” дар Ашқобод.

Ӯ даъват намудааст, ки талоши муштарак барои мусоидати бештар барои додугирифти мол ва бартарафсозии монеаҳо равона шаванд. Вазири савдои Узбакистон даъват намудааст, вақт, нерӯ ва маблағе, ки тоҷирон зимни амалисозии расмиёти гуногун сарф мекунанд, ҳадди имкон коҳиш дода шавад.

Хоҷаев таъкид намудааст, ки Узбакистон барои озодсозии бештари бозору рушди иқтисоди бозоргонӣ иқдоми бештар хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0