ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Жириновский 6 ноябр дар Думаи давлатӣ гуфт, дар ҳоле ки бархе кишварҳо аз Русия рӯй мегардонанд, давлатҳои Осиёи Марказӣ хостори дӯстӣ ва муносиботи бештар бо Русияанд. Ӯ аз мақомдорону вакилони Русия интиқод намуд, ки ба Осиёи Марказӣ кам диққат медиҳанд ва пешниҳод намуд, ки ҳамаи созишномаҳо бо Тоҷикистону Узбакистон бе навбат ба тасвиб расонда шаванд.
Ӯ дар мавриди дархост барои омӯзгорон гуфт, кадрҳои маҳаллӣ ҳам хубанд, аммо беҳтар аст, вақте русиро худи барандаи забон таълим медиҳад. Жириновский изҳор дошт, ки феълан омӯзгорон ба Тоҷикистон рафта истодаанд, аммо теъдодашонро бояд даҳҳо баробар зиёд намуд.
Раиси “ЛДПР” пешниҳод намуд, ки меваю сабзавот аз Осиёи Марказӣ ворид карда шаванд.
“Шаҳрвандонамонро бо маҳсулоти пастсифати хориҷӣ аз дигар минтақаҳо заҳролуд мекунем. Чаро аз Африқо меорем? Дар Осиёи Миёна беҳтарин меваҳо, аз хурмо то анору лимон мавҷуданд, ки бояд мо ворид кунем”, - изҳор дошт ӯ.
Жириновский инчунин кӯмак ба марзбонони Тоҷикистон, таҳкими ҳамкориҳои техникӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқиро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод кард.