ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон, зани 37-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров ба ШВКД дар шаҳри Бӯстон муроҷиат намудааст, ки шахсони номаълум аз макони савдояш либосҳои занонаро, ки арзишашон 3000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Вай шикоят намудааст, ки рӯзи 11-уми ноябри соли равон, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили контейнер, воқеъ дар дохили бозори “Сомон”-и шаҳри Бӯстон либосҳои занонаро, ки арзишашон 3000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Кормандони ВУД ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 28-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов бо ҷурми дуздӣ дастгир карданд.
ВУД хабар додааст, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.