ВКД: боздошти дузд ва фурӯшандаҳои маводи тарфгарӣ дар Хуҷанду Кӯлоб

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкБоздошт. Акс аз бойгонӣ
Боздошт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо иттиҳоми дуздӣ марди 45 сола ва бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ чанд нафар аз сокинони шаҳри Хуҷанд дастгир шуданд.

ДУШАНБЕ, 23 дек- Sputnik. Кормандони пулис як марди 45-солаи сокини шаҳри Хуҷандро бо иттиҳоми дуздӣ боздошт кардаанд, иттилоъ медиҳад Хадамоти матбуотии ВКД ҶТ.

Ба иттилои манбаъ, дар автовокзали маҳаллаи "Пахтакор"-и шаҳри Хуҷанд шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз борхалтаи марди 31-солаи сокини ноҳияи Айнӣ ҳангоми хоб буданаш, маблағи пулӣ 1000-сомонӣ, як адад телефони мобилии тамғаи "Нокия С-5", сару либос ва молу ашёҳои рӯзгор, ҷамъ ба маблағи умумии 2018-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Бинои ВКД ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВКД: қаллобӣ бо маблағи бузург дар пойтахт ва Исфара

"Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ пас аз чанд рӯз бо гумони дуздӣ марди 45-солаи сокини шаҳри Хучанд дастгир карда шуд. Далелҳои шайъӣ қисман гирифта шуд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад",- омадааст дар хабари расмии ин ниҳод.

Ҳамзамон, рӯзи сешанбеи гузашта дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд аз ҷониби кормандони милитсия марди 21-солаи сокини ноҳияи Ашт бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карда шуд. Дар вақти кофтуков аз ӯ 15400-дона маводи тарфгарии намуди «хлопушка» дарёфт ва мусодира гардид.

"Худи ҳамон рӯз, инчунин аз марди 32-солаи сокини шаҳри Хуҷанд 18,480-дона маводи тарфгарии намуди трения дарёфт ва мусодира шуд. Ҳамин тариқ, 16,200-дона маводи тарфгарии "хлопушка" аз марди 20-солаи сокини шаҳри Кӯлоб дарёфт ва мусодира гардид", — афзудааст манбаъ.

Нисбати далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0