Колесниченко: барои таъмини пурраи Тоҷикистон 1 не, бояд 4 агрегати "Роғун" фаъол шаванд

© © Sputnik / Амир ИсаевКаска сотрудников Рогунской ГЭС
Каска сотрудников Рогунской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазъи энергетикии Тоҷикистон куллан баъди ба истифодадиҳии агрегати 4-уми нерӯгоҳи "Роғун" тағйир меёбад, мегӯяд, сохтмончии собиқадори силсила - нерӯгоҳҳо дар дарёи Вахш, Анатолий Колесниченко

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Бо фаъолсозии агрегати якуми НБО "Роғун" камбуди қувваи барқ дар Тоҷикистон дар фасли зимистон пурра бартараф намешавад, изҳор дошт муҳандис-гидротехник, Анатолий Колесниченко.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳи фарзандонаш дар НБО Роғун - Sputnik Тоҷикистон
Аз рақси Раҳмон зери навои бадахшӣ то оташбозии идона: навори рӯзи дуюми иди "Роғун"

Ба гуфтаи ӯ мушкилии барқ дар Тоҷикистон ба таври комил танҳо баъди ба истифодаи додани 4 агрегати НБО "Роғун" бо иқтидори пураашон аз байн меравад.

“Агрегати якуми нерӯгоҳ, ки ҳамагӣ 100 мегават иқтидор дорад, басанда нест, то норасоии қувваи барқро дар фасли зимистон бартараф кунад”, - изҳор дошт Колесниченко дар мусоҳиба ба Sputnik Тоҷикистон.

Вай инчунин қайд кард, ки бо фаъолсозии агрегати дуюм низ камбуди барқ пурра бартараф намешавад, чун иқтидори умумии 200 мегават низ барои таъминот бо нерӯи барқ дар фасли зимистон басанда нахоҳад буд.

Кохир Расулзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Баҳси “Роғун” дар ҳузури президент: Расулзода гуфт, чархаи 1 бояд 2019 фаъол мешуд(ВИДЕО)

“Барои он, ки агрегатҳои асосӣ ба истифода дода шаванд, бояд обанбор бо баландии 300 метр сохта шавад, ки ин бисёр меҳнати ҷиддиро талаб мекунад. Ҳаҷми кор ҳудуди 78 миллион мукааб аст, ки то 10 солро талаб мекунад. Тайи ин муддат эҳтимоли зуҳури норасоии барқ дар фасли зимистон вуҷуд дорад”, - афзуд Колесниченко.

Ӯ инчунин пешгӯӣ кард, ки соли оянда дар мавсими серобӣ эҳтимол бунёди "Роғун" мутаваққиф гардад, то оби барзиёд тариқи нақбу трубина раҳо шавад.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон запустил работу первого агрегата Рогунской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон "Роғун"-ро бо номи Худо фаъол сохту бо танга имтиҳон кард (ВИДЕО)

Ба гуфтаи Колесниченко барои сохтмони пурра ва ба истифода додани нерӯгоҳ мушкилиҳои молиявӣ низ мавҷуданд. Вай изҳор дошт, ки бо вуҷуди 500 миллион долларе, ки аз ҳисоби евробондҳо барои сохтмони нерӯгоҳ ҷалб шудаанд, давлати Тоҷикистон ҳанӯз барои анҷоми ин иншоот маблағи кофӣ надорад.  

“Солона барои сохтмони "Роғун" 300 миллион доллар лозим аст, то кор дар ин нерӯгоҳ пеш равад. Дар давоми даҳ сол тахминан 4 миллиард долларро бояд пайдо кард, то сохтмон анҷом ёбад. Тоҷикистон метавонад ин маблағҳоро аз ХБА, Бонки ҷаҳонӣ ва созмонҳои молиявии ҷаҳонӣ ҷалб кунад, ки онҳо ҳам то ҳол дар додани қарз шитоб надоранд", - изҳор дошт коршинос.

Ёдовар мешавем, ки агрегати якуми НБО "Роғун" рӯзи 16 ноябр ба истифода дода шуд ва Тоҷикистон тайи ду рӯз ин санаи таърихиро таҷлил кард.  

Лентаи хабарҳо
0