ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Музди миёнаи меҳнати Тоҷикистон баъд аз болорави дар моҳи сентябри соли равон 14 дарсад зиёд шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.
“Музди миёнаи меҳнат дар кишвар ба як ҳазору 265 сомонӣ расидааст. Сатҳи музди меҳнати воқеӣ (бо дарназардошти таваррум) дар моҳи сентябр нисбат ба моҳи август 12,5 дарсад боло рафтааст”,- иттилоъ додааст Ожонсии омори Тоҷикистон
Баландтарин маошро дар ин давра кормандони соҳаи молия мегиранд. Маоши онҳо 3 ҳазору 270 сомонӣ (347 доллар)-ро ташкил медиҳад.
Кормандони истихроҷи маъданҳои куҳӣ 2 ҳазору 534 сомонӣ ва сохтмончиён 2 ҳазору 382 сомонӣ моҳона мегиранд.
Музди меҳнати кормандони соҳаи энергетика ва обтаъминкунӣ ба 1 ҳазору 634 сомонӣ баробар шудааст.
Дар Тоҷикистон камтарин моҳонаро кормандони соҳаи кишоварзӣ мегиранд. Моҳонаи онҳо ҳамагӣ 504 сомониро ташкил медиҳад.