Огоҳии Президент аз азияти донишҷӯён ва суҳбаташ бо Рустами Эмомалӣ атрофи консерт (ВИДЕО)

© © Sputnik / Амир ИсаевКонцерт в честь запуска первого агрегата Рогунской ГЭС
Концерт в честь запуска первого агрегата Рогунской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, шоми 17 ноябр, баъди барномаи фарҳангӣ ба муносибати фаъолсозии нерӯгоҳи “Роғун”, ба Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе гуфтааст, ин чорабинӣ беҳтарин тайи солҳои охир буд

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. “Ҳоло ба раиси шаҳр ҳам таъкид кардам, нисбат ба чорабиниҳои фарҳангии гузашта, маҳфили имрӯза аз ҳама аълотару беҳтар буд”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми барномаи фарҳангӣ.

Ӯ афзуд, аҳсан ба ҳар як иштироккунанда, махсусан ҷавонҳо, ки аксари мардуми кишварро ташкил медиҳанд.

Инчунин зимни суханронияш Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки аз заҳмати донишҷӯён барои ин чорабинии ҷашнӣ огоҳ будааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳи фарзандонаш дар НБО Роғун - Sputnik Тоҷикистон
Аз рақси Раҳмон зери навои бадахшӣ то оташбозии идона: навори рӯзи дуюми иди "Роғун"

“Ман шоҳид будам, ки шумо чигуна азият мекашидед. Аксарият донишҷӯ ҳастед, аҳли санъату фарҳанг. Офарин”, - аҳсан хонд раисиҷумҳур.

Ӯ дар хитоб ба ҷавонон таъкид намуд, ки “оянда ин давлатро соҳибӣ, бунёд ва сарварӣ кунед, ҳама заҳматҳо барои шумо ҷавонони имрӯза аст”.

Ба гуфтаи раисиҷумҳур саҳнае, ки шоми 17 ноябр дар Душанбе пешниҳод шуд, беҳтарин саҳнаи солҳои охир ва ҳамчунин беҳтарин туҳфа ба сохтмончиёни кохи нури “Роғун” мебошад.

Вице-президент Всемирного банка Сирил Мюллер, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ноиби президенти Бонки Ҷаҳонӣ дар “Роғун”: муносибат бо Узбакистон хуб шуд

Эмомалӣ Раҳмон илова намуд, ки бо истифода аз фурсат мехоҳад ба кулли ҳамватанон муроҷиат кунад.

“Дар дунё кори намешуданӣ нест. Завқ доштанамон даркор. Ватанамона сидқан дӯст доштанамон даркор. Ватан, ватани мою шумо. Давлат, давлати мою шумо. Сарҷамъонаю сидқан заҳмат кашиданамон даркор аст”, - таъкид намуд раисиҷумҳур.

Ӯ даъват намуд, ки то ҷашни 30 –солагии истиқлолияти Тоҷикистон ватани худро боз ҳам обод ва зебо гардонем.

Лентаи хабарҳо
0