ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Мюллер гуфт, ташхиси Бонки ҷаҳонӣ нишон дод, ки нерӯгоҳи “Роғун” тавони такони рушди Тоҷикистон ва кишварҳои минтақаро дорад.
Ӯ гуфт, бо фаъолсозии чархаи аввали нерӯгоҳ давлати Тоҷикистон ба амалисозии ваъдаҳое оғоз кард, ки ба мардуму корхонаҳо барои таъмини бемаҳдудияти барқи тозаю арзон дода буд.
Ба гуфтаи ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ мусаллам аст, ки ҳангоми татбиқи чунин лоиҳаи бузург масоили гуногуни техникӣ, сиёсӣ ва молиявӣ пайдо мешаванд.
Ӯ яке аз чунин масъалаҳоро нофаҳмиҳо бо Узбакистон хонд, ки татбиқи "Роғун"-ро солҳо ба таъхир андохт. Мюллер зикр кард, ки Эмомалӣ Раҳмон қаблан дар ҳар мулоқот бо ӯ мегуфт, ки муносибот бо Узбакистон хуб хоҳанд шуд. Ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ таъкид намуд, ки изҳороти раисиҷумҳури Тоҷикистон амалӣ шуданд ва наздикшавии муносиботи мардуми ду кишвар ва сафарҳои роҳбарон далели ин гуфтаҳоянд.
Мюллер таъкид намуд, ки Бонки ҷаҳонӣ ба бахши энергетикаи Тоҷикистон ҳудуди 415 миллион долларро сармоягузорӣ карда, дастгирии ин ва дигар бахшҳоро идома хоҳад дод.