ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Сергей Машин дар сӯҳбат бо Sputnik Молдова гуфтааст, ки Консепсияи сиёсати нави муҳоҷиратии Русия барои гирифтани шаҳрвандӣ чӣ имконият хоҳад дод.
Консепсия ба шаҳрвандоне дахл дорад, ки дар ҳудуди Русия таваллуд шудаанд ё волидонашон дар Русия таваллуд шудаанду бо ин ё он сабаб Русияро тарк кардаанд ва ҳоло мақсад доранд баргарданд.
"Ин ҳуҷҷат ба ҳамватаноне дахл дорад, ки дар ҳудуди кишварҳои хориҷ истиқомат мекунанд. Нафаре аз онҳо дар Иттиҳоди Шӯравӣ кишварро тарк кардааст ва ҳоло фарзандони онҳо мехоҳанд ба ватани аҷдодии худ баргарданд. Барои ҳамин, баргардонидани ҳамватанон гуфта мешавад", - тавзеҳ медиҳад вай.
Ба гуфтаи мусоҳиби Sputnik раванди бозгашт ба Русия гирифтани иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ ва шаҳрвандӣ осон мешавад.
Муҳлати гирифтани шаҳрвандӣ ба нафароне, ки ба Русия ба воситаи барномаи баргардонидани ҳаммеҳанон то ним сол кам карда мешавад, афзуд вай.
Охирҳои моҳи октябр Владимир Путин, раисҷумҳури Русия хабар дод, ки консепсияи сиёсати муҳоҷиратии Русияро ба имзо расонид. Ба гуфтаи раисҷумҳур, санад беҳдошти шароити кӯчидани ҳаммеҳанонро ба Русия пешбинӣ мекунад.
“Имрӯз ман контсептсияи таҳриршудаи сиёсати давлатии муҳоҷиратии Русияро ба имзо расонидам. Санад беҳдошти шароити кӯчидани ҳаммеҳанонро барои зиндагии доимӣ ба кишвар, таҳияи тартиботи дақиқи қавонини вуруд, гирифтани ҳуқуқи кору зиндагӣ ва шаҳрвандии Русияро пешбинӣ мекунад”, - изҳор дошт Путин.
Раисҷумҳур афзудааст, ки барои ҳаммеҳаноне, ки дар хориҷа ғайриқонунӣ таъқиб мешаванд, Русия паноҳгоҳ медиҳад.
“Аммо, таъкид карданиям - вазъият гуногун мешавад. Барои ҳамин, мо аз ҳузури муваққатии онҳо ё доимии онҳо шод хоҳем шуд. Омодаем онҳоеро, ки ғайриқонунӣ таъқиб мешаванд ва зери хатаранд, ҳимоя кунем ва паноҳгоҳ диҳем”, - қайд кард Путин.
Чанде пеш раиси Шӯрои Федератсия Русия Валентина Матвиенко таъкид карда буд, ки Русия тайёр аст ҷузъиёти масъалаи осонгардонии қонунҳои муҳоҷиратро нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон баррасӣ кунад.
Дар сатҳи Комиссияи байниҳукуматӣ бо ташаббуси ҳамтоёни тоҷик, масъалаи баррасии сабукиҳо дар қоидаҳои муҳоҷират ба роҳ монда шудааст. Мо омода ҳастем ҳамаҷониба ин масъаларо бо шартҳои судманди тарафайн баррасӣ намоем”, - гуфт Матвиенко ҳангоми оғози кори Анҷумани байнипарлумолнии Русияву Тоҷикистон дар шаҳри Маскав.
Вай афзуд, ки дар ҳоли ҳозир дар Русия аз 700 то як миллион шаҳрвандони Тоҷикистон фаъолият доранд. Аз ҳисоби интиқоли пули муҳоҷирон се яки ММД Тоҷикистон ташкил меёбад.
Ба гуфтаи Матвиенко, Русия дар тақсими баробари муҳоҷирони корӣ дар минтақаҳо ҳавасманд аст. Барои ҳамин мо бояд ниёзмандии минтақаҳои Русияро дар доираи корӣ таҳлил намоем.