Ҷазои лейтенант Аҳёев ва “афсари Интерпол” барои "ҳалл"-и корҳои ғайриқонунию мушкил

© Sputnik / Андрей Старостин / Гузариш ба медиабонкСудебный молоток, архивное фото
Судебный молоток, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Баймуратов Абдувалиро, ки худро корманди “Интерпол” гуфта, дар пойтахт ва минтақаи Кӯлоб ба фиребу қаллобӣ даст задааст, 8 сол аз озодӣ ва 2 сол аз ҳаққи ишғоли мансабҳои муайян маҳрум кардааст

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Тибқи қарори додгоҳи низомӣ, Баймуратов дар кӯчаи Соҳилӣ-1, ноҳияи Фирдавсӣ давоми чанд моҳ бо лейтенант Аҳёев Беҳрӯз зиндагӣ карда, худро корманди милитсияи байналмилалӣ муаррифӣ намудааст. Ӯ изҳор доштааст, ки имконияти ҳалли корҳои мушкил ва ғайриқонуниро дорад.

Посадка пассажиров в автобус, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Акнун дар Душанбе муносибати ронандаҳоро бо мусофирон милисаҳо назорат мекунанд

Лейтенант Аҳёев барои истифодаи имкониятҳои шиносаш, ба сарбози қатории тобеи худ Мамонов Умедҷон ва модари ӯ Хушвахтова Зуҳра ваъда додааст, ба ивази 2500 доллар Умедҷонро қабл аз муҳлат бо гирифтани шаҳодатномаи ҳарбӣ аз хидмат озод мекунад.

Аҳёев барои ҳалли ин масъала модари сарбозро бо Баймуратов шинос намудааст.

Ин низомиён аз модари сарбоз дар назди гузаргоҳи қисми ҳарбии 0123-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон ва чанд ҳолати дигар дар маҷмуъ 129 ҳазор рубл ва  3620 сомониро гирифта, ба манфиати худ истифода кардаанд. Додгоҳ мегӯяд, ин афрод ба модари сарбоз, ки маблағро аз пасандозҳои худ ва қарз аз наздикон ҷамъоварӣ кардааст, зарари махсусан калон расондаанд.   

Инчунин Баймуратов дар бозори “Саховат’’-и шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ба боварии ҷавоҳиротфурӯш Сафарова Зайнабӣ даромада, аз ӯ ду гарданбанд бо нархи 6 ҳазор сомонӣ гирифта, ғайб задааст.

Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе мегӯяд, бо қарори додгоҳ Аҳёев Беҳруз муҷозот шуда, Баймуратов ба 8 соли зиндон маҳкум гардид.

Лентаи хабарҳо
0