ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Кормандони Шӯъбаи БДА дар Душанбе ба 24 ширкати мусофиркашонии пойтахт вобаста карда шуданд, хабар медиҳад Раёсати ВУД дар Душанбе.
Ин иқдом бо мақсади "баланд бардоштани маърифату маданият ва муоширати ронандагон ҳангоми муомила бо мизоҷон, муайян ва рафъи сабабу шароитҳои ба содиршавии садамаҳои нақлиётӣ, аз байн бурдани муносибати дағал ва дигар ҳаракатҳои майдаавбошона дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ ва ба таври ҳатмӣ фаъолият намудани ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ ва ёрдамчиёни онҳо бо либосҳои ягона" роҳандозӣ гардид.
Дар ин бора фармоиши махсуси сардори Раёсати ВУД дар Душанбе Шариф Назарзода ба имзо расидааст.
Мувофиқи он, шахсони масъул ба таври доимӣ, на кам аз як маротиба давоми ҳар даҳрӯза ба корхонаю ташкилотҳои нақлиётии вобастагардида ташриф оварда, парвандаҳои назоратӣ оғоз ва маълумотҳои зарурӣ ҷамъ оварда, фаъолияти корхонаҳоро зери назорати қатъӣ қарор медиҳанд.
Кормандони БДА бо роҳбарон, ҳайати муҳандисӣ-техникӣ ва ронандагони корхонаҳои нақлиётӣ ҳамкорӣ карда, барои пешгирии садамаҳои роҳу нақлиётӣ, ҳолати интизоми нақлиётии ронандагон, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, ҳамчунин ба таврӣ намунавӣ ба роҳ мондани муносибату муоширати ронандагон бо мизоҷон чорабинӣ ва дигар корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ба роҳ монда мешавад.
Барои пешгирии содиршавии садамаҳои роҳу нақлиётӣ аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашон ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ кормандони ба ширкатҳои нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ вобасташуда шахсан масъул буда, дар сурати рух додани чунин ҳодисаҳо нисбати масъулин (кормандони вобастагардида) ҷазоҳои сахти интизомӣ татбиқ карда мешаванд.
Гуфта мешавад, ин иқдом таҷрибаи нав буда, бори аввал дар ҳудуди кишвар амалӣ мешавад.