Кам карданду зам не: "16 ноябр фавран рӯзи истироҳат эълон шавад"

© Sputnik / Амир ИсаевВ Душанбе отметили день таджикского флага
В Душанбе отметили день таджикского флага - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Профессор Ҷовид Муқим, блогер ва рӯзноманигори шинохтаи Тоҷикистон пешниҳод кард, ки бар ивази 1 май, ки аз феҳрасти рӯзҳои истироҳатӣ бароварда шуд, 16 ноябр дар кишвар рӯзи истироҳат эълон карда шавад

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Ҷовид Муқим бо нашри як матлаб дар саҳифаи фейсбукияш изҳор дошт, ки моҳи ноябри соли 2016 бо пешниҳоди Ҳукумати Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони кишвар, Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон - 1 майро аз феҳристи рӯзҳои истироҳат баровард.

Рынок, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қарори Рустами Эмомалӣ барои ғанисозии дастархони мардум дар Рӯзи Президент

“Инак ду сол боз 1 май чун солҳои қаблӣ рӯзи истироҳат нест. Ҳамин тавр аз 13 рӯзи истироҳат барои рӯзҳои ид як рӯз кам карда шуд”, - изҳор дошт ӯ.

Профессори тоҷик афзуд, ки бинобар кам кардан аз истироҳатӣ, ягон рӯзи дигар иду истироҳатӣ эълон карда шавад.

Бо зикри ин Ҷовид Муқим пешниҳод намуд, 16 ноябр, ки ҳоло ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёд мешавад, рӯзи ид ва истироҳат эълон карда шавад.

Усмонзода Усмонали Юнусали министр энергетики Таджикистан, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазир: Чархаи 1-и "Роғун" дар Рӯзи Президент ва охирон 2028 фаъол мешавад

“Зеро дар ҳамин рӯз, соли 1992 ҷаласаи тақдирсозӣ 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, даъвати 12-ум шурӯъ шуд ва дар таърихи кишвар давраи нав оғоз гардид. Ҳамчунин 16 ноябри соли равон Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чархаи аввали НБО “Роғун”-ро ба кор медарорад. Албатта, ин рӯзи таърихӣ, ки Тоҷикистонро аз вартаи камбарқӣ мераҳонад ва истиқлолияти энергетикии Тоҷикистонро таъмин менамояд, ид аст. Барои ҳамин ҳам пешниҳод мекунам, ки 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи ид ва истироҳат эълон карда шавад”, - шарҳ дод Ҷовид Муқим.

Бо зикри ин профессори тоҷик пешниҳод намудааст, ки Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба Қонун "Дар бораи рӯзҳои ид" фавран тағийрот ворид бикунад.

Ӯ аз афроде, ки ин пешниҳодро дастгирӣ мекунанд, даъват намудааст, ки раъй диҳанд.

Лентаи хабарҳо
0