Қарори Рустами Эмомалӣ барои ғанисозии дастархони мардум дар Рӯзи Президент

© Sputnik / Рамиль СитдиковРынок, архивное фото
Рынок, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, қарор кардааст, ки 16 ва 17 ноябр дар пойтахт ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронда шавад

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, ҳадафи қарори мазкур таъмини фаровонии маҳсулот дар бозори истеъмолӣ ва ғанӣ гардонидани дастурхони сокинони пойтахт мебошад.

Таҷлили Рӯзи Ғалаба бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон - Sputnik Тоҷикистон
Қарори Рустам Эмомалӣ барои таҷлили Рӯзи Президент

Манбаъ афзуд, ки ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои “Саховат”, “Меҳргон”, “Қарияи боло”  ва “Ховарон” аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатӣ,  Иттифоқи “Тоҷикматлубот”, шаҳри навоҳии тобеи марказ ва вилояти Суғду Хатлон баргузор мегарданд.

Тасмим барои барои вуруди захираҳои давлатӣ ва маҳсулоти деҳқонон аз навоҳии атрофи Душанбею вилоятҳои Суғду Хатлон дар ҳолест, ки ахиран нархи бархе маҳсулот дар бозорҳои пойтахт, аз ҷумла орд, ки серистеъмолтарин дар кишвар ба шумор меравад, боло рафтааст. Феълан нархи  як халта орд дар Тоҷикистон аз 160 то 180 сомонӣ арзёбӣ мешавад. 

Баргузории ярмаркаҳо дар ҳолест, ки 16 ноябр дар Тоҷикистон таҷлили Рӯзи Президент ва фаъолсозии нерӯгоҳи "Роғун" дар назар аст. Қаблан шаҳрдори Душанбе барои таҷлили Рӯзи Президент қарори алоҳида имзо карда буд.

Лентаи хабарҳо
0