Занони Чин дар меҳмонӣ низ тими Тоҷикистонро голборон карданд

© сомонаи ФФТБозии занони футболбози Тоҷикистону Чин
Бозии занони футболбози Тоҷикистону Чин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тими бонувони футболбози Тоҷикистон дар майдони худ аз дастаи мунтахаби Тайбейи Чин бо ҳисоби 0-9 шикаст хӯрд

ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Дар марҳилаи аввали интихобӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 дар гурӯҳи “А”, ки дар Ҳисор ҷараён дорад, тими Тоҷикистон аз Тайбейи Чин шикаст хӯрда, Муғулистон ва Сингапур бозиро мусовӣ – 2:2 анҷом доданд.

ФК Ласточка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пирӯзӣ бар андешаи куҳна: тавсифи Умед Давлатзод аз қолабшикании бонувони футболбози тоҷик

Дар сабқати Тоҷикистон ва Чин голҳои дастаи меҳмонро Мишел Пао, 41 (0:1), Мишел  Пао, 44 (0:2), Ю Хсиу-Чин, 51 (0:3), Ю Хсиу-Чин, 55 (0:4), Ю Хсиу-Чин, 56 (0:5), Ли Хсиу-Чин, 66 (0:6), Ли Хсиу-Чин, 74 (0:7),  Ли Хсин-Ху, 78 (0:8). Ли Хсин-Ху, 82 (0:9) ба ҳадаф расонданд. Қаблан дар Бозиҳои Осиё - 2018 тими бонувони футболбози Тоҷикистон аз дастаи Чин бо ҳисоби 0-16 шикаст хӯрда буд.

Феълан дар пайи ду даври анҷомдодашуда дар гуруҳи “А” дастаҳои Тайбейи Чин, Филиппин ва Тоҷикистон се хол ва тимҳои Муғулистону Сингапур як хол ба даст овардаанд.

Бозиҳои даври сеюм 8 ноябр, соати 13:00 миёни Тайбейи Чин ва Муғулистон ва соати 16:00 миёни Филлиппин ва Тоҷикистон дар майдони марказии шаҳри Ҳисор баргузор хоҳанд шуд.

Баъд аз натиҷагирии марҳилаи аввал 10 даста – ғолибону барандаҳои ҷои дуюм ва ҳамчунин ду дастаи дорои ҷои сеюм, ки натиҷаи хуб нишон медиҳанд ба марҳилаи дуюм роҳхат мегиранд ва ба дастаҳои Узбакистон ва Ветнам мепайванданд.

Марҳилаи дуюми интихобии мусобиқаи футболи бонувон ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 бо иштироки 12 даста дар се гурӯҳ аз 1 то 9 апрели соли оянда доир мегардад.

Лентаи хабарҳо
0