Вазорати фарҳанг аз таҷлили 3 ҷашн дар 2 рӯз хабар дод

© SputnikГосударственный академический театр оперы и балета им. С.Айни
Государственный академический театр оперы и балета им. С.Айни - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, чорабиниҳои асосӣ бахшида ба Рӯзи театри тоҷик, ки 7 ноябр таҷлил мегардад, дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорат,  7 ноябри соли 2018,  соати 17:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ,  Рӯзи театри тоҷик ва 80-солагии Арбоби ҳунар, Лауреати мукофоти давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, оҳангсоз Фаттоҳ Одина таҷлил мегардад.

Министерство культуры РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Баррасии тарғиби фарҳанги миллӣ ва рушди сайёҳӣ дар Душанбе

Чорабинии мазкур бо иштироки ситораҳои театри тоҷик, масъулини бахши фарҳанг ва намояндагони ВАО дар назар аст. Дар чорабинӣ театрҳои шаҳри Душанбе бо порчаҳо аз намоишномаҳо ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Таҷлили Рӯзи театр,  8 ноябри соли 2018 соати 16:00 дар Театри вилоятии мазҳака-мусиқии ба номи Сайидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб идома хоҳад кард.  Шоми 8 ноябр ҳамзамон 80-солагии театри мазкур таҷлил мегардад.

Ба иттилои Вазорати фарҳанг дар чорабинии 8 ноябр дар Кӯлоб, порчаҳо аз намоишҳои театрӣ ва  рақсҳои мардуми Хатлон, Суғду Бадахшон иҷро хоҳанд шуд.

Манбаъ афзуд, ки сипас намоиши “Баҳори ваҳдат”, ки аз рӯи асари Ҷумъа Қуддус бо коргардонии Раҳмоналӣ Одинаев таҳия гардидааст, пешниҳоди бинандагон карда мешавад.

“Асари мазкур дар бораи корнамоиҳои Пешвои муаззами миллат барои муттаҳидсозии халқи тоҷик ва барқарории сулҳу Ваҳдати миллӣ нақл мекунад”, - омадааст иттилоияи Вазорати фарҳанг.

Лентаи хабарҳо
0