Давлаталӣ Саид роҳ сӯи сулҳ дар Корея ва рушди Осиёро нишон дод

© Фото : Центр Льва ГумилёваПервый вице-премьер Таджикистана Давлатали Саид
Первый вице-премьер Таджикистана Давлатали Саид - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳудуди 400 ходими давлатию ҷамъиятӣ, аз ҷумла Давлаталӣ Саид, ноиби аввали нахуствазири Тоҷикистон дар шаҳри Сеул роҳҳои таҳкими сулҳ дар нимҷазираи Кореяро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik.  Тавре расонаҳои Кореяи Ҷанубӣ иттилоъ доданд, Давлаталӣ Саид дар ин ҳамоиш, ки зери унвони “Сулҳ дар нимҷазираи Корея ва имконоти Осиё барои инкишоф” баргузор гардид,  рушди ҳамаи давлатҳоро роҳи ҳифзи сулҳ дар тамоми минтақаи Осиё хонд.

Малышева Дина Борисовна, доктор политических наук, главный научный сотрудник Института востоковедения РАН - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос: Кореяи Ҷанубӣ барои ворид шудан ба бозори Тоҷикистон бояд бо Чин рақобат кунад

Давлаталӣ Саид изҳор дошт, ки барои таҳкими сулҳ дар Корея ва умуман минтақаи Осиё бояд талошҳои муштарак сурат бигиранд, ки ҳар давлат дар минтақа рушд кунад.

“Сулҳу суботи тамоми Осиё  аз талошҳои муштарак барои рушди ҳар кишвар дар минтақа вобаста аст. Талошҳои муштарак барои рушди ҳамаи кишварҳои минтақа як фазои сулҳу субот дар тамоми Осиёро эҷод хоҳад кард”, - изҳор доштааст ноиби аввали нахуствазири Тоҷикистон.

Баҳси сулҳ дар нимҷазираи Корея дар ҳоле сурат гирифт, ки соли равон роҳбарони Кореяи Шимолӣ ва Ҷанубӣ мулоқот карда, алайҳи ҷангу барномаҳои ҳастаӣ ёддоштҳо ба имзо расонданд ва барои ҳамкорӣ дар бахши иқтисодӣ созишҳо кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0