ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Имрӯз бахшида ба ҷашни 24-умин солгарди қабули Сарқонуни Тоҷикистон бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, дар ҳамаи боғҳои фарҳангу истироҳати пойтахт барномаҳои оммавии фарҳангӣ, консертҳои устодони санъат ва намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ баргузор мегардад.
Инчунин дар доираи барномаҳои ҷашнӣ дар пойтахт таҳти унвони “Конститутсия – сарчашмаи соҳибистиқлолии миллат ва пойдории давлати миллӣ” конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор хоҳад шуд.
Барои баргузории конфронси мазкур аз ҳисоби фонди захиравии раиси пойтахт наздик ба 11 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо мешавад.
Ҳамчунин бо қарори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ба муносибати ин ҷашн байни хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар мавзӯи “Конститутсияи Тоҷикистон дар тақдири насли ман” озмуни иншонависӣ гузаронида мешавад.
Ҳукумати шаҳр барои ғолибони ин озмун туҳфаҳои хотиравӣ тақдим мекунанд.
6 ноябри соли 1994 - дар натиҷаи райпурсии умумихалқӣ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Баъдтар, вобаста ба тағйир ёфтани вазъи сиёсиву ҷамъиятии мамлакат дар натиҷаи райпурсии умумихалқӣ – 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994) тағийроту иловаҳо ворид карда шудаанд. 22 майи соли 2016 дар Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар натиҷаи ворид кардани тағйирот, калимаи Сарқонун аз байн гирифта шуда, минбаъд Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ монда шуд.
6 ноябр - тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", рӯзи истироҳат муқарар шудааст.