Омӯзиши фанни нав дар мактабҳои Тоҷикистон: Сарқонун

© Sputnik / Игорь ЛекаркинСарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ
Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар бораи аҳамияти фанни нав- Сарқонун дар мактабҳо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори ақида намудааст. Мақсади ҷорӣ намудани фанни нав омӯхтани принсипҳои асосии Конститутсияи кишвар мебошад

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik.Дар мактабҳои Тоҷикистон дар соли таҳсили оянда як фанни дигар ворид карда мешавад- Сарқонун.

Беҳтарин донишгоҳҳои Русия: мактаби олии худро интихоб намо - Sputnik Тоҷикистон
Беҳтарин донишгоҳҳои Русия: мактаби олии худро интихоб намо

Дар бораи аҳамияти таълимоти ин фанн президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори ақида намуд, мегӯяд вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саид. Ба гуфтаи вай мақсади ворид намудани Сарқонун ҳамчун фанни омӯзишӣ дар мактабҳо,  омӯзиши принсипҳои асосии Сарқонуни кишвар аз ҷониби ҷовонон мебошад.

Фанни Сарқонун соли таҳсили оянда ҷорӣ мешавад, онро талабагони синфҳои 8 ва 9 азхуд мекунанд. Барои омӯзиши ин фанн китоби дарсӣ аз ҷониби Суди конститутсионӣ ва Маркази ҳуқуқии назди президенти Тоҷикистон баҳори ҳамин сол тайёр карда мешавад.

"Дар доираи омӯзиши Сарқонун мактаббачагон бо қонунгузориҳои ӯҳдадарориҳои волидайн дар тарбияи фарзанд ва ба танзими  анаъанаву маросимҳои миллӣ  шинос мешаванд", — мегӯяд вазири маорифи Тоҷикистон.

Пештар хабар дода шуда буд, ки аз соли 2020-ум Тоҷикистон ба низоми таҳсили 12-сола мегузарад.

Лентаи хабарҳо
0