Тоҷикистон ба гуфтушунид бо ҳузури Толибон дар Маскав даъват шуд

© Sputnik / Игорь ЛекаркинЗдание МИД РТ в Душанбе, архивное фото
Здание МИД РТ в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон бо ҳамоиш бо ҳузури роҳбарони созмони мамнӯи “Толибон”, ки 9 ноябр дар Маскав дар назар аст, даъват шудааст

ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik.  Дар ин бора Вазорати умури хориҷии Русия иттилоъ дода, афзуд, ки баробари Тоҷикистон инчунин даъватнома ба Афғонистон, Эрон, Ҳинд, Покистон, Узбакистон, ИМА, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Чин фиристода шуд.

На таджикско-афганской границе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мақомот: ҷангалбонҳои тоҷикро “Толибон” накуштанд

Манбаъ таъкид кардааст, ки Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон тасмим гирифтааст, як ҳайатро аз Шӯрои олии кишвар ба Маскав равон кунад. Дар ин мулоқот инчунин иштироки ҳайати созмони мамнӯи “Толибон” аз дафтарашон дар Доҳа дар назар аст.  Машварати мазкур дар сатҳи муовинҳои вазирони умури хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст.  

Тибқи иттилоияи расмӣ, мулоқотро Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ифтитоҳ хоҳад кард.

Вазорати умури хориҷии Русия таъкид намудааст, ки ҳалли қазияи Афғонистон танҳо тариқи сиёсӣ бо ҷалби васеи кишварҳои ҳамсоя ва шарикони минтақавии ҷумҳурии исломӣ имконпазир аст.

Лентаи хабарҳо
0