ДУШАНБЕ, 01 ноя — Sputnik. Мақомоти умури амнияти миллии Тоҷикистон ба хулосае омадаанд, ки тирпаронии маргбор аз ҷониби гуруҳи қочоқбар сурат гирифтааст, иттилоъ медиҳад хабаргузории “ТоҷикТА”.
Ба иттилои манбаъ феълан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шахсияти ҳамлагаронро мушаххас накардаанд.
Қаблан мақомоти марзбонии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки гуруҳи мусаллаҳи 10-12 нафарӣ баъди зуҳри 26 август вориди хоки Тоҷикистон шуда, аз силоҳи автомат ва "гранатамёт" сӯи "Нива"-и ҳомили шаҳрвандони Тоҷикистон оташ кушодаанд.
Дар пайи ҳамла кормандони хоҷагии ҷангал, Ҳамрохон Саидов, соли таваллудаш 1956 ва Давлат Сангинов, соли таваллудаш 1958, ки дар асоси иҷозатномаи махсус ба ҷамъоварии хӯроки чорво машғул будаанд, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ба гуфтаи мақомоти марзбонӣ, мусофири дигар, Сафархон Раҳмонов, соли таваллудаш 1992 истиқоматкунандаи ҷамоати Ҳисори ноҳияи Фархор ба тарафи қамишзор фирор карда, ҷон ба саломат бурдааст.