“ЛДПР” мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Жириновскийро рамзӣ хонд

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон дар боғи "Кӯли ҷавонон"
Эмомалӣ Раҳмон дар боғи Кӯли ҷавонон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал – демократи Русияро ба ҳузур мепазирад

ДУШАНБЕ, 01 ноя — Sputnik.  Дар ин бора дафтари матбуоти Ҳизби либерал – демократи Русия – “ЛДПР” иттилоъ дода, афзудааст, ки мулоқоти сатҳи олӣ рамзи муҳимияти муносиботи ду кишвар мебошад.

Председатель ЛДПР Владимир Жириновский встретился с председателем нижней палаты таджикского парламента Шукурджоном Зухуровым - Sputnik Тоҷикистон
Хоҳишҳои Тоҷикистону ваъдаи Жириновский: аз таърифи Раҳмон то марз ва сабукӣ ба муҳоҷирон

“Ҳизби либерал – демократи Русия, “ЛДПР” ҳамеша ҷонибдори таҳкими ҳамкориҳои Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, собиқ ҳамватанон буд”, - таъкид намудааст котиботи ҳизби мазкур.

Манбаъ афзуд, Жириновский имрӯз инчунин бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон мулоқот намуда, назарҳояшро дар мавриди ҷаҳони имрӯз, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сиёсии ду кишвар баён намудааст. Жириновский ба вазири тоҷик инчунин нақл кардааст, ки кадом лоиҳаҳоро вакилони “ЛДПР” дар Думаи давлатӣ барои таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия пешниҳод хоҳанд кард.

Қаблан Жириновский изҳор дошт, ки баъди бозгашт ба Маскав лоиҳа дар бораи мақоми махсуси шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро пешниҳод хоҳад кард, ки барои рафтуомад ва будубоши роҳати тоҷикистониён дар Русия мусоидат мекунад.  

Лентаи хабарҳо
0