ДУШАНБЕ, 01 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Додситонии куллли Тоҷикистон, Леонид Малченков нахуст ҳамроҳи шарикаш Жӯраев 19 июни соли гузашта ғайриқонунӣ вориди манзили истиқоматии шаҳрванд Каримов Дмитрий, воқеъ дар шаҳри Турсунзода шуда, пинҳонӣ 3000 сомониро дуздидаанд.
Ба иттилои манбаъ, Малченков кирдори ҷинояткоронаи худро идома дода, 6 ноябри соли 2017 тахминан соати 16-00 бо мақсади одамкушӣ ва тасарруф намудани амволи ғайр, такроран вориди манзили истиқоматии Каримов шуда, бо 5 зарби корд соҳибхонаро ба қатл расонда, 5 ҳазору 490 сомонии ӯро гирифтааст. Дмитрий Каримов дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Турсунзода ба ҳайси пешхизмату ёвари ошпаз кор мекардааст.
Додгоҳ Малченковро дар дуздӣ, ғоратгарӣ ва қатли одам гунаҳкор дониста, ба 21 соли зиндони низомаш шадид, маҳкум намуд.
Маҳкумияти Малченков дар ҳолест, ки қаблан мақомоти умури дохилии Тоҷикистон дар як гузориши телевизионӣ аз боздошти Ҳасан Ёдгоров, сокини 33-солаи шаҳри Турсунзода хабар дода буданд. Дар ин гузориш иқрори худи Ёдгоров низ намоиш дода мешуд. Ӯ нақл мекард, ки чӣ гуна ҳангоми ба тарафи дигар гаштани Каримов вайро корд задааст.
Аммо баъди наздики 10 моҳи боздошт қотили аслӣ пайдо ва Ёдгоров раҳо шудааст. Ҷузъиёт, ки чаро ва чӣ гуна Ҳасан Ёдгоров як боғбони оддӣ аз шаҳри Турсунзода куштореро, ки анҷом надодааст, ба дӯш гирифтааст, то ҳол маълум нест.