ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Равобити умумии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Ҳасан Ёдгоров ба иттиҳоми қатли Дмитрий Каримов, пешхидмати яке аз ресторанҳои шаҳри Турсунзода, хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории ТоҷикТА, Ҳасан Ёдгоров ба ҷинояти худ иқрор карда ва ҷузъиёти қатлро ошкор кардааст.
Вай гуфта, ки бо Каримов дӯст буда ва шоми 6 ноябр ба қасди дуздӣ ба хонаи иҷораи ӯ омадааст. Онҳо муддате бо ҳам суҳбат кардаанд ва Ёдгоров фурсат ҷуставу бо корд ба паҳлӯҳои росту чапи Каримов задааст. Каримов аз ин захмҳо аз пой уфтода ва Ёдгоров ба гардани ӯ ҳам зарба задааст.
Ёдгоров эътироф карда, ки куллан 5 бор Каримовро зада ва телефони ҳамроҳу дастбанди тиллои ӯро гирифта аз он хона берун рафтааст.
Ҳасан Ёдгорови 33-сола ҳамакнун дар боздоштгоҳ аст ва парвандааш такмил мешавад то ба додгоҳ фиристода шавад.
Дмитри й Каримов 42-сола будаву дар чойхона-ресторане пешхидматӣ мекарда ва барои хариди хона дар Душанбе пул ҷамъ мекардааст.