ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон зиёда аз 40 пизишке, ки дар давоми 10 моҳи соли равон беморонро ташхису табобати нодуруст кардаанд ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд, хабар додааст зимни нишасти матбуотӣ Саид Давлатзода, муовини роҳбари Хадамоти назорати давлатии фаолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар.
Инчунин вай таъкид намудааст, ки баъзе аз пизишкон барои саҳлангорӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд.
“Он пизишконе, ки дар рафти табобати инсон ба хатогиҳо роҳ додаанд, дар назди қонун ҷавоб хоҳанд гуфт”, - афзуд Давлатзода.
Вай таъкид намуд, ки муассисаи мазкур нисбати ҳамаи пизишконе, ки ба саҳлангорӣ роҳ додаанд, чораҳои фаврӣ меандешад.
Давлатзода хабар додааст, ки дар давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 127 ҳазор кило доруҳо, маҳсулоти ороишӣ ва хурокҳои кӯдаконаи муҳлаташон гузашта ва пастсифатро дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Инчунин вай афзудааст, ки дар давоми ду соли оянда тамоми ташхисгоҳҳои Тоҷикистон бо асбобҳои замонавӣ таъмин мегардаднд.
Ёдовар мешавем, ки аз 12 то 18 ноябри соли равон Созмони Ҷҷаҳонии Беҳдошт ҳафтаи истифодаи дурусти антибиотикҳоро дар дунё баргузор менамояд.
Ба гуфтаи Давлатзода, дар Тоҷикистон ҳафтаи мазкур як моҳ яъне аз 16 ноябр то 16 декабр идома хоҳад ёфт.