ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории тоҷикии "Sugd news", Абдумалик Саломов муҷрим ба доштани иртибот бо созмони тундраву ифротии "Салафия" шинохта ва маҳкум ба 5,5 сол зиндон шудааст.
Ҳамроҳ бо вай ҳамчунин ду тан аз "ҳамдастонаш" — Илҳом Ғаффоров ва Сайдулло Мирзоев низ бо ҳамин иттиҳом зиндонӣ шудаанд. Бо ҳукми додгоҳ яке аз онҳо 5,5 сол ва дигаре 5 солро дар зиндон ба сар хоҳанд бурд.
Бино бар ин гузориш, додгоҳ ҳар се муттаҳамро дар судури ҷурми пешбинишуда бо банди 2 моддаи 307 (3) Қонуни ҷиноии Тоҷикистон, яъне "ширкат дар фаъолияти ҳизби сиёсӣ, созмони иҷтимоъӣ ё диние, ки расман ва қонунан ифротӣ ва ғайриқонунӣ шинохта шудаанд" муҷрим шинохтааст.
"Муҷримҳо муддати кайфарашонро дар зиндони дорои низоми шадид пушти сар хоҳанд кард. Ҳукми додгоҳ ҳануз қонунан иҷроӣ нашудааст", — гуфта мешавад дар ин гузориш.
Ёдоварӣ мекунем, ки Абдумалик Саломов корманди Маркази ҷарроҳии қалбу раг дар вилояти Суғд чанд моҳ пеш аз ин дар Хуҷанд ба иттиҳоми иртибот бо ҳаракати "Салафия" боздошт шуда буд.
Бозҷӯёни Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ӯро муттаҳам ба ширкат дар "маҳфили палави салафиҳо" карда буданд.
Абдумалик Саломов 41-сола буда ва Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст. Вай чанд сол дар Русия, аз ҷумла дар Маскав, низ кор кардааст. Аз соли 2015 дар Маркази ҷарроҳии қалбу раг дар вилояти Суғд кор мекард.
Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти ҷараёни "Салафия"-ро дар соли 2009 дар қаламрави Тоҷикистон мамнуъ карда буд. Соли 2014 ин ҷараён дар Тоҷикистон расман "созмони ифротгаро" шинохта шуд.