Маҷлиси навбатии Ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуд

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистонро дар нуҳ моҳ таҳлил намуда, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук ва ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳоро вазифадор кард, ки барои татбиқи мақсадҳои стратегии гузошташуда ва таъмини рушди босуръати иқтисодии кишвар тадбирҳои амалӣ андешанд

ДУШАНБЕ, 30 окт – Sputnik. Имрӯз, 30 октябр таҳти раёсати  раисҷумҳур ва раиси Ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, дар маҷлис аз ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар нуҳ моҳи соли 2018 ҳисоботи Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода шунида шуд.

 "Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварро таҳлил намуда, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук ва ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳоро вазифадор кард, ки барои татбиқи мақсадҳои стратегии гузошташуда ва таъмин намудани рушди босуръати иқтисодии кишвар тадбирҳои амалӣ андешанд", -гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Супоришҳои дигар ба вазорату идораҳои давлатӣ барои таъмини шаффофияти хароҷоти маблағҳои буҷетӣ, нигоҳ доштани устувории қурби пули миллӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, барқарор намудани фаъолияти корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, афзоиши содироти молу маҳсулот, роҳандозии фаъолияти самаранок дар самти истеҳсол ва истифодабарии неруи барқ, дода шудааст.

Дар кори маҷлис Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019" гузориши Вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода шунида шудааст.

Сомони в конверте, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Баҳси қурби асъор ва нархҳо дар маҷлиси Ҳукумат

Сипас дар кори маҷлис масъала Дар бораи ҷашн гирифтани 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзодаа аз лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳунармандӣ" гузориш додааст.

Дар кори маҷлис  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба "Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шудааст.

Дар анҷоми кори маҷлис Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои саривақтии масъалаҳои дар маҷлис баррасишуда ва барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани маъракаи зимистон, захираи кофии маводи сухт ва озуқа, омодагии иншооти соҳаи иҷтимоӣ дар фасли сармо, ҷамъоварии беталафи ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ, супоришҳои мушаххас додааст.

Лентаи хабарҳо
0