ДУШАНБЕ, 26 окт – Sputnik. Тибқи иттилои Хадамоти федеролии иҷрои ҷазо, шумораи зиндониёни хориҷӣ дар Русия, ки нимсолаи аввали соли 2017 ба 29 ҳазору 397 нафар баробар буд, соли равон 6 фоиз коҳиш ёфта, ба 27 ҳазору 780 расидааст.
Бар асоси изҳороти ХФИҶ, миёни зиндониёни хориҷӣ аз ҳама зиёд шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон, Озарбойҷон ва Қирғизистон мебошанд.
Манбаъ афзудааст, зиёда аз 90 фоизи зиндониёни хориҷӣ дар Русия барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз ҷумла барои даст доштан дар фурӯши ғайриқонунии маводи мухадир – 39%, куштор – 12%, роҳзанӣ – 11%, барқасдона расондани зарари ҷисмонӣ – 8%, таҷовуз ба номус – 6% ва дуздӣ – 5% маҳкум шудаанд.
Вадим Коженов, президенти Федератсия муҳоҷирати Русия, сабаби коҳиши шумораи зиндониёни хориҷиро ба поин рафтани шумораи муҳоҷирон дар манотиқи Русия рабт додааст.
“Шумораи маҳбусони хориҷӣ дар зиндонҳои Русия, бевосита аз шумораи умумии хориҷиёне, ки ба кишвар меоянд, вобаста аст. Ҳар қадар одам зиёд бошад, ҳамон қадар шумораи ҷинояткорон, низ зиёд мешавад. Шумораи муҳоҷирон дар Русия кам шудааст ва албата шумораи ҷинояткорони хориҷӣ, низ кам мешавад”, - гуфтааст Коженов.