Матвиенко: Русия омодааст қоидаҳои муҳоҷиратро барои тоҷикон сабуктар намояд

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкВалентина Матвиенко, архивное фото
Валентина Матвиенко, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Русия омодааст қоидаҳои муҳоҷиратро барои Тоҷикистон бо шартҳои судманди тарафайн сабуктар намояд, гуфт Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои федератсияи Русия

ДУШАНБЕ, 25 окт – Sputnik.  Русия омодааст бо Тоҷикистон масъалаи сабук намудани қоидаҳои муҳоҷиратро бо шартҳои судманди тарафайн баррасӣ намояд, эълон намудааст Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия.

Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан Махмадсаид Убайдуллоев - Sputnik Тоҷикистон
Убайдуллоев: агар мо намунаи ибрат набошем, ҳаққи ташвиқи дигаронро надорем

“Дар сатҳи Комиссияи байниҳукуматӣ бо ташаббуси ҳамтоёни тоҷик, масъалаи баррасии сабукиҳо дар қоидаҳои муҳоҷират ба роҳ монда шудааст. Мо омода ҳастем ҳамаҷониба ин масъаларо бо шартҳои судманди тарафайн баррасӣ намоем”, - гуфт Матвиенко ҳангоми оғози кори Анҷумани  байнипарлумолнии Русияву Тоҷикистон дар шаҳри Маскав.

Вай афзуд, ки дар ҳоли ҳозир дар Русия аз 700 то як миллион шаҳрвандони Тоҷикистон фаъолият доранд. Аз ҳисоби интиқоли пули муҳоҷирон се яки ММД Тоҷикистон ташкил меёбад.

Ба гуфтаи Матвиенко, Русия дар тақсими баробари муҳоҷирони корӣ дар минтақаҳо ҳавасманд аст. Барои ҳамин мо бояд ниёзмандии минтақаҳои Русияро дар доираи корӣ таҳлил намоем.

Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон
Путин қонуни дигареро дар бораи муҳоҷират ба имзо расонид

Вай таъкид кард, ки механизмҳои интихоби муҳоҷирони корӣ дар қаламрави Тоҷикистон бояд пурзур карда шавад. Ҳамчунин Матвиенко гуфт, ки бояд ба мутобиқшавии иҷтимоиву фарҳангии муҳоҷирон ва фарзандони онҳо аҳамият дода шавад.

Матвиенко афзуд, ки дар бархе аз минтақаҳои Русия таҷрибаҳои хуб гирдоварӣ шудааст.

Ҳамин тавр, дар вилояти назди Маскав ташкилоти ҷамъиятӣ фаъолият дорад, ки барои муҳоҷирони меҳнатӣ дарсҳо ва семинарҳои ройгон дар бораи қоидаҳои ҳуқуқӣ, ҳолатҳои маишӣ ва ғайра баргузор менамояд.

Матвиенко пешниҳод намуд, ки таҷрибаи мазкур бояд ба дигар минтақаҳои Русия паҳн карда шавад.

Лентаи хабарҳо
0