Ҳукумат ба бекорони ВМКБ кор дар Суғду Хатлон ва Русия пешниҳод кард

© © Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкГосударственный флаг Таджикистана в городе Хорог.
Государственный флаг Таджикистана в городе Хорог. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомот ба бекорон дар шаҳри Хоруғ, кор дар Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва минтақаҳои Русия пешниҳод кардаанд

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар майдони ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ ярмаркаи ҷойҳои корӣ баргузор кард.

Суҳроб Тошев, намояндаи Хадамоти муҳоҷирати шаҳри Душанбе, мегӯяд,  ҳадафи асосии ярмарка коҳиш додани сатҳи бекорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.

Озмуни харбузахӯрӣ дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд - Sputnik Тоҷикистон
Резондӣ: шӯхӣ, доварӣ ва эроди Раҳмон дар озмунҳои Суғд (АКС)

“Агар дар ярмаркаҳои қаблӣ танҳо дар ҳудуди вилоят ҷойи кор манзур карда мешуд, имрӯз  ба корҷӯён дар минтақаҳои гуногуни мамлакат, аз ҷумла шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ҷойҳои корӣ пешниҳод гардиданд”, - иттилоъ додаанд масъулин ба хабаргузории Ховар.

Манбаъ афзуд, ба нафароне низ, ки хоҳиши кор дар Русия доранд,  роҳхат дода мешавад.

“Зеро мутобиқи шартнома байни Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ ва сохторҳои марбутаи Русия мо метавонем баъзе шаҳрвандонро барои кор ба вилоятҳои Мурманск, Санкт-Петербург ва Москва  равон кунем”, - изҳор доштаанд масъулини шуғли аҳолӣ.

Ожонси меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва марказҳои калонсолони шаҳру ноҳияҳои вилоят 120 хоҳишмандеро сабти ном кардааст, ки азми омӯзиши  ҳунарҳои мардумӣ ё касбҳои дигар доранд.

Ҳамчунин Ожонси мазкур бо ҳамин теъдод корҷӯёнро номнавис карда, ба онҳо кафолат додааст, ки дар зудтарин фурсат онҳоро бо ҷои кор таъмин мекунад.

Масъулин мегӯянд, ярмаркаи ҷойҳои корӣ чанд рӯзи дигар дар Хоруғ идома меёбад

Лентаи хабарҳо
0